.

Font Size

SCREEN

Profile

Layout

Menu Style

Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

    Нақибхон  Туғрал  шабеҳи  шохоби пурталотуме  ба  маҷрои умуми адабиёти охирҳои асри XIX  ва аввалҳои  асри  XX  дарпайваста,  ҳунари волои сухангустарӣ  ва  хислатҳои ҳамидаи инсониаш диққати аҳли аҳли илму адаби замонаро ба зудӣ ҷониби худ кашидаанд. Нақибхон  26-уми марти соли 1865 аз оилаи давлатманди деҳаи Зосуни  ҷамоати Варзи Манори кенти Фалғар (райони ҳозираи Айнӣ) ба дунё омадааст.  Гузаштагони Туғрал аслан самарқандӣ буда, чанд пушт пештар аслофи хонадон аз дасти ҷабру зулми ҳокимони яғмогар ба дод омада, ҷониби Фалғар фирор мекунанд, ки худи Туғрал аз ин хусус ишорае дорад:

Мерасад аслам ба Аҳрори Валӣ,    

Дудаи ман бошад аз ин дудмон.

   Овони  кӯдакиву наврасии Нақибхони Туғрал дар зодгоҳаш ва дар зери саробони бевоситаи падар ва баъдҳо бародаронаш Тӯрахон, Мансурхон, Ҳамзамон ва Акобирхон  гузашта, хату саводи ибтидоиро дар деҳа, аз устодони маҳаллӣ баровардааст.  Аз ҷумла, яке аз устодони нахустинаш Абдуҷаббор ном марди фозилу шоирпешаи урметанӣ будааст. Мавриди зикр аст, ки болооби Зарафшон  дар тӯли қарнҳо барои адабиёти форсу тоҷик намояндагони зиёде додааст,  ки устод Рӯдакӣ, Абӯҳафиси Суғдӣ, Музтариби Панҷакентӣ, Мустатеъи Панҷакентӣ,  Маҳмуди Кӯҳӣ,  Бобури Ишқӣ, Мелии  Қиштӯдӣ,  Ҷумъабои Хумулӣ,  Аҳмади Аҳдӣ,  Юсуф  Вафо, Камолии Рашнагӣ, Маҳҷури Фалғарӣ,  Ҷамолии Рашнагӣ,  Мулло Фозил,  Мулло Филғорӣ, Масеҳои Тамҳид аз зумраи онон буда, ному осори даҳҳои дигарашонро тӯфони ҳаводис аз аъмоқи  таърих баршустааст. Ва агар аз қадимулаём  ноҳияҳои Мастчоҳу Фалғару Панҷакент ва Самарқанду  Бухороро  табиатан рӯди кӯҳи Зарафшон муқимашон  гашта,  нисбаи самарқандиву бухороиро ҳам ба худ гирифтаанд.  Аз ин ҷост, ки Нақибхон ҳам дар овони ҷавонӣ ба нияти дарёфти камолоти бештари илмиву адаабӣ таҳти саробони падари маърифатпарвараш ҷодаи Самарақанду Бухороро пеш гирифта, даставвал дар шаҳри бостони самарқанд иқомат мегузинад ва дар ҳуҷраи аз мадрасаи Тиллокории Регистони Самарқанд ба қимати 11 ҳазор тангаи мирӣ харидаи падар,  аниқтарш, дар ҳуҷраи охирини самти шимолии мадраса мезияду мехонаду меомӯзад ва дар давоми ттаҳсил ба зодгоҳаш рафтуомад мекунад.    

     Дар айёми таҳсили мадраса Нақибхон аз лаввоҳу наққоши моҳир ва муаррихи доно Абӯсаид Махдуми  Зарринқалам, аз Махдуми Гардан ва Домулло Бадахшӣ барин устодони донишманд илму маърифат омӯхта,  ба ҳалқаи зиёиёни онрӯзаи Самарқанд ворид мешавад ва дилгармонашеъру шоириро пеша мекунад. Ӯ дар ҷараёни шоирӣ аксари кулли навиштаҷоташро таҳти тахаллуси “Туғрал”  офарида, дар баъзе маврид “Нақиб” ва “Туғрали Аҳрорӣ” тахаллус кардааст. Нақибхон баъди Мадрасаи Тиллокорӣ  муддате дар Бухоро  ҳам омӯзиши илму дониши ҷории замонаро идома медиҳад ва аз уламову удабои маъруфи онрӯзаи бухороӣ дарси илму адаб меомӯзад. Пас, аз таҳсилу омӯзиши лозима ба зодгоҳи худ баргашта, бар хилофи хоҳиши падараш ба Истам бинти Аваз ном деҳқондухтари курудӣ хонадор шуда, ҳамроҳи вай нӯҳ сол умр ба сар мебарад. Аз ин никоҳ писаре ба дунё меояд, ки бадхоҳони Туғрал ӯро ба зудӣ нобуд ва модарашро тавассути заҳру дорувориҳо безурёт мекунанд. Дар хусуси таваллуд ва вафоти писараш Туғрал дар ҷое чунин ишора кардааст:      

Борҳо дар дили ман буд таманнои писар,                                                                                         Лутф созад ба мани хаста худованд агар.                                                                                         Омад охир зи карам нахли муродам ба самар,                                                                                 Монд ҳасрат ба дилу кард аз ин дор сафар.           

   Баъдҳо ба сабаби бефарзандӣ Нақибхон аз Истам ҷудо шуда, бо Муқаддара  Аслиддиновна  ном духтари сангистонӣ  ақди никоҳ бармебандад. Бо вуҷуди рафтуои доимӣ ба аёдати дӯстони дуру наздик, мадагорӣ ба камбағалону ниёзмандон ва тангиву сахтиҳои рӯзгор, Туғрал ҳеҷ гоҳ ранҷу машаққати эҷоди бадеъиро пушти сар накардааст ва далелҳо гувоҳи онанд, ки дар тӯли ҳаёти минбаъда лаҳзае аз омӯзишу андӯзиш барканор наистода, соҳаҳои мухталифи илму дониши замонро фаро гирифтааст ва муттасил аз паи такмили фаҳмиши илмӣ ва ҳунари шоирӣ пардохтааст. Туғрал марди хоксору фақирпарваре буда, хирсу молу пул дар ӯ мушоҳида намешудааст:                                                                                                       

Чунон  сомонӣ доман кардам,  кунҷи қаноатро,                                     

Ки андар дил намебошад,  таманнои зару симам.

    Рафоқату ҳамсӯҳбат дар мадрасаҳои Самарқанду Бухоро бо муллобачаҳои нодору камбағал ва омаду рафти беохири мардуми фақиру бечора ба хонаи Туғрал дар Зосун гувоҳи зиндаи хайрхоҳиву бечорапарвариву авомдӯстии шоир мебошанд. Ҳамчунин, дар миёни мардуми камбағали Фалғару Панҷакент, Истаравшану Мастчоҳ ва Самарқанду Бухоро ёру дӯстони зиёде дошта, ҳаммахфили як идда ҳунармандону зиёиён ва ҳамсӯҳбати як даста суханварону ҳофизони пешқадами давр будааст. Аз ҷумла, шоир дар маснавии «Дар хусуси табъи девон»-аш Аҳмади Васлӣ, Масеҳои Тамҳид, Аҳмади Равнақ, Исҳоқбеки Ваҳоҷ, Курбӣ, Ҳасратӣ, Гулханӣ, Лутфӣ, Муҳаммадқулии Тарҷумон, Ашрафи Туҷор ва дигаронро ном мебарад, ки нисбаташ ҳусни таваҷҷӯҳу эҳтиром доштаанд ва дар чопи девонаш мадад кардаанд.  Туғрал  дар байни солҳои 1918 – 1919 ҳамроҳи аскарони сурхи советӣ дар чандин задухӯрдҳои хунини алайҳи босмачиёну аксулинқилобиюни болооби Зарафшон бевосита иштирок намуда, борҳо штаби дастаҳои ихтиёриву аскаронро дар ҳавлии худ ҷой медиҳад ва ҳамроҳашон деҳоти Томин, Фатмев, Гузари Бод, Рарз ва Похутро аз чанги душманони синфӣ озод мекунад. Соли 1918 дар деҳаи Оббурдони Мастчоҳ  шуриш ба вуҷуд меояд, Туғрал он ошӯбро хомӯшу балвогаронро таслим кунонида, дар насиҳати босмачиёни тахту ҷоҳпараства дар таҳсини инсони муборизи зидди “исобат” (мусибатзадагӣ, киноя аз дунёи кӯҳна) мегӯяд:

Не хубби муҳибби дилнишин мемонад,              

 Не тири адӯи кинагин мемонад.           

Инсон ба муқобили исобат?! Аҳсан!!

Дунё гузарон аст, ҳамин мемонад!        

   Туғрал  дар  рафти  яке  аз  чунин  муҳорибаҳо  барои озодии  деҳаи Вешаб аз тарафи душманону бадхоҳонаш ба тӯҳмати ноҳақи аксуламал гирифтор мешавад ва 28-уми  июни соли 1919 дар мавзеъи Лангари деҳаи Сангистони Ноҳияи Фалғар ба қатл расонида мешавад. Ин ҳукми худсаронаву ноодилонаро Щитинин ном сардори отряде, ки  дар  роҳи нобуд  шудани аскарони сурх аз чанги босмачиён худаш гунаҳкору сабабгори асосӣ будааст, бидуни иҷозати расмии давлатӣ бароварда, худаш онро ба иҷро мерасонад. Ногуфта  намонад, ки  баъдҳо қонуни адолатгустару ҳукумати ҳақиқатпарвари советӣ Щитининро барои чунин худсариву гунаҳкориҳояш одилона ба ҳабс маҳкум мекунанд ва ӯ дар маҳбас ҳалок мешавад.Хабари  нохуши  марги нобаҳангоми ҳунарвари шаҳир аҳли деҳаву диёр ва шогирдону ҳаводорони сершуморашро ба риққату сӯг оварда, шоироне чун Хилъат, Файёз, Ҷавдат, Ҷомеъ ва дигарон бо сӯзу алам дар вафоти ӯ қитъаву марсияҳо сурудаанд. Аз ҷумла, Файёзи Хуҷандӣ дар қитъае санаи қатли Туғралро ба ҳисоби ҷумал чунин марқум доштааст,  ки аз моддаи таърихи он (“Ҳайфи Туғрал”)  соли 1337  ҳиҷрӣ (1919 милодӣ) бармеояд:    

Дуболо шуд зи саҳбои шаҳидон                                                                                                                  Ба базми ҷовидонӣ кайфи Туғрал.                                                                                                      Хирад  фармуд  бо  Файёз: “Баргӯ!”                                                                                                        Ба  таърихи вафоташ: “ҳайфи Туғрал!”   

    Аз  Нақибхони  Туғрал  осори  гуногунжанру  гуногунмавзӯъи  адабӣ мерос  мондааст.   Намунаҳои  осори  шоир  аввалин  маротиба  соли  1916 дар  матбаъи  Когони  Бухоро,  ба  саъю  эҳтимоми  дӯстону  шогирдону ҳаводоронаш,  зери  унвони  “Девони Туғрали Аҳрорӣ”   мунташир гардидаанд.  Девони  мазкур  маҷмӯъаи  мукамаллтарини  эҷодиёти  Туғрал  буда,  паиҳам 303  ғазал (5634 мисраъ),  1 мустазод (32 мисраъ), 9 мухаммас (305 мисраъ), 3 мусаддас (132 мисраъ), 1 тарҷеъбанд (66 мисраъ), 8 қасида  (570 мисраъ),  “Фироқнома”  (112 мисраъ),  шеъре барои судурволии  вилояти  Кеш (10 мисраъ),  “Соқинома” (136 мисраъ),  “Тасдиқот”  (196 мисраъ), ду қитъаи таърих  (36 мисраъ),   яъне  ҷамъулҷамъ 7335  мисраъ аз осори манзуми суханварро фароҳам овардааст. Айни замон мактаби миёнаи №8 ноҳияи Айнӣ, ки дар деҳаи Зосун вуҷуд дорад ба номи Нақибхон Туғрал гузошта шудааст. Бо ташаббус ва роҳбарии яке аз фарзандони ба ору номуси миллат, Ҳалим Ёров оромгоҳ, осорхона ва нимпайкараи Нақибхон Туғрал дар деҳаи Зосун сохта шудааст.

Ба махси лутф сӯи кулбаи ман мехиромидӣ,                            

Ба роҳат пардаҳои дида пойандоз мекардам.