.

Font Size

SCREEN

Profile

Layout

Menu Style

ВУРУДЕ БА ШАКАРИСТОНИ ТУҒРАЛ   

 Ошиқони каломи мавзун бо дар назардошти мазмуну мўҳтаво ва фасоҳату зебоии шигифтангезе, ки дар ашъори малакутии Ҳофизи бузургвор эҳсос кардаанд, аз эшон бо номҳои ҳазордастон, вассофи олиназари гулу булбул ва ситоишгари беҳамтои маю маъшуқа зикри хайр ба амал овардаанд.

Мирзо Абдулқодири Деҳлавӣ вожаи оинаро он қадар устодона ва бо маъниву тобишҳои ҳайратангез ба кор бастааст, ки дар Эрон ва хориҷ аз он ўро «шоири оинаҳо» меноманд. Чӣ асроре ва чӣ рамзу розҳое дар мактаби эҷодии он бузургон ниҳуфта ва ҳадафи дидаи таҳқиқ ба гулу булбул ва маю маъшуқаву оина дўхтани ононро ноқидони нуктадони мо мўшикофона мавриди баррасӣ қарор додаанд ва ин ҷо ҳоҷат ба нақду таҳқиқи ин мавзўъ нест. Аммо лозим ба тазаккур аст, ки шогирди мумтоз ва соҳибзавқи мактаби он бузургон Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ ашъори рангини хешро бо шираву шарбати усораи ширин ва нерўбахш, яъне шакар ончунин даромехтааст, ки тамъу лаззати суханаш дар мағзи ҷонҳо корагар мешавад. Аз ин рў муаллифи «Тазкиратушшуаро» (соли таълиф 1904) Туғралро «мутаммаъ, яъне ғизобахши партави маъонии рангин ва машриқи хуршеди мазомини қудсойин» номидааст.

 Вожа ва истилоҳоти шакар, шакарбор, шакарбўра, шакарпора, шакарпалав, шакарпанир, шакарчаш, шакаршикан, шакархо, шакарханд, шакархоб, шакархез, шакаррез, шакарқанд, шакарак, шакаргар, шакаргуфтор, шакарлаб, шаккарин ва ғайра дар насру назми форсиву тоҷикӣ дар мавридҳои муносиб ба кор рафтаанд. Аммо ҳеч шоире ба андозаи Туғрал аз ин таъбирҳо ин қадар фаровон (беш аз сад маротиб) ва он ҳам бо устодии тамом истифода накардааст. Ба таври мисол:

 

Ҷўши шаккар дар най охир мекунад манъи садо,

Аз камоли шаҳди мазмун гарчи хомўшем мо.

 

***

 

Ба рўи саҳфа ҳар дам аз найи килкам шакар резад,

Ба ҳангоми рақам гар дар қалам орам забонашро.

 

***

 

Лаби Ширин чу Хусрав сарнавишти хомаи мо шуд,

Шакар резад саропо ҳамчу най аз банд-банди мо.

 

Чуноне ба мушоҳида расид, дар абёти боло вожаи шакар бо най даромехта дар ҳамоҳангӣ мавриди корбаст қарор гирифтааст, ки ин ҳам баёнгари табъи болидаи шоир дар эҷоди шеъри бикр аст. Туғрал чун Мавлоно фитрати инсони халлоқро дар оғозгоҳ – дар наю найистон мебинад:

 

Он қадар омодаи шаҳди маъонӣ кардаем,

Банд дар банди сухан аз най шакар дорем мо.

 

Шоир дар эҷоди шеър аз саноеъ ва анвои мухталифи ҳунарҳои адабӣ: ташбеҳу истиора, киноя, иғроқ, маҷозу ташхис моҳирона истифода бурдааст, ки дар ин хусус муҳаққиқон мунсифона ва метавон гуфт, дар ҳадди матлуб ибрози назар кардаанд. Аз нигоҳи Туғрал ҳатто шакар назди лаъли лаби ёри ў камарзиш ва талх аст:

 

Лаъли хубонро шакар талхӣ намояд бо лабат,

Модари даҳр аз шакар ҷўшида то шири туро.

 

Таъбирҳое чун тўтӣ ва Ҳиндустон, ки макони аслии будубоши тўтиён аст,  дар ашъори суханварони мо фаровон ба назар мерасад. Ҳофиз гуфтори ширини тўтиёни Ҳиндро аз файзи қанди порсии хеш  медонад:

 

Шаккаршикан шаванд ҳама тўтиёни Ҳинд,

З-ин қанди порсӣ, ки ба Бангола меравад.

 

Аммо Туғрал дар ин замина бо назари баланд ва ғуруру тафохуре, ки ба ў хос аст, гуфта:

 

Рашк барад аз ҳасад тўтии Ҳиндустон,

Туғрали ширинсухан аз шакаристони кист?

 

Шоир ин ҷо ангушт рўи ду тўтӣ гузоштааст: аввал, тўтӣ, яъне ҳамон парандаи маъмулии муқими Ҳиндустон, сонӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, ки аҳли назар ўро барои шакаргуфторияш «тўтии Ҳиндустон» лақаб гузошта буданд.

Дар адабиёти форсӣ кам иттифоқ афтодааст, ки зулфи ёрро ба кишваре ё маконе ташбеҳ дода бошанд. Чунин  ҳунари воло ва зебанда низ аз килки тавонои Туғрал падид омада:

 

Эй ғунчаи хандони ман, аз бўстони кистӣ?

Эй душмани имони ман, аз дўстони кистӣ?

Ман тўтиям шаккаршикан, Ҳиндустонам зулфи ту,

Бо холи ҳиндуи лабат Ҳиндустони кистӣ?

 

Чунонки дар боло ишора намудем, калимаи найшакар низ дар ашъори шоир ба наҳви хуб мавриди корбурд қарор гирифтааст:

 

Гуфтӣ, ки меравам ба Самарқанд назди ту,

Биллаҳ, маҳалли найшакар омад, наёмадӣ.

 

 Зимни мутолиаи ашъори Туғрал нуктаи дигаре, ки моро водор ба тааммул ва андеша намуд, эҳсоси дарунии шоир дар нисбати қатли ў бо теғу тири душманон аст ва ин эҳсос ё пешгўии шаҳиди бузургвор дар чандин сафҳа аз девонии ғазалҳояш зирк ёфтааст. Чунончи:

 

Гашта ба ҷаҳон фасона Туғрал

Бо тири маломату нишоно.

 

Воқеан, бо иттиҳоми бепояву ноҷо ва ноҷавонмардона тир задани аҷнабии ишғолгар ба синаи пурсўзи суханвари нодирагуфтор фасонаест, ки аз насле ба насле интиқол мешавад.

Дар ғазали дигаре низ дили зарифу пурэҳсоси Туғрал гувоҳ аз даргирии оташи тиру зуҳури «новаки пайкон» ва ба ин васила кушта шудани шоир медиҳад:

 

Гар на хаданги туро синаи ман шуд ҳадаф,

Бар дили маҷрўҳи ман новаки пайкони кист?

 

Ҳамин тавр, вожаву истилоҳоти тир, тири маломат, хун ва хунбаҳо, новаку пайкон, ханҷару шамшер, шаҳид ва шаҳиди теғи абрў дар осори ў фаровон ба чашм расид, ки дар зер намунае аз онҳоро меоварем:

 

Ман шаҳиди теғи абрўям, барои қатли ман

Аз шикасти моҳи нав кун қабзаи шамшерро.

 

***

 

Дод ин фатво шабе парвонаи теғи адаб:

Нест кам аз хуни Туғрал хунбаҳои андалеб.

 

***

 

Бисмилам карду ба хун андохт он золим ҳанўз

Қатраҳои хуни ман аз теғи абрў мечакад.

 

***

 

Дар боргоҳи васлат ҷон тўҳфа бурд Туғрал,

Шамшер хун чаконад, азбаски бениём аст…

 

Дар тасвири Туғрал ҳатто теғи қотили бадкеш назди хуни шаҳиди бегуноҳ шармандаву шармсор аст:

 

Қатраи хуне, ки аз захми дили  ман мечакад,

Нест хун, ў шабнаме аз шарми теғи қотил аст!

 

Аз ин огоҳиҳои зеҳнӣ роҷеъ ба марги нобаҳангоми шаҳиди бегуноҳ қалами шоир дар чандин сафҳаи дигар низ шаҳодат ва ҳушдор додааст, ки мо бо баёни намунаҳои боло иктифо менамоем.

Мусаллам аст ин санад, ки Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ аз пайвандони орифи бузург ва шайхи шўҳраи даврони хеш Хоҷа Аҳрор буд ва бесабаб нест, ки дар он рўзгор ва имрўз ҳам ба эшон мегуфтанд ва мегўянд: Хоҷа Аҳрорӣ Валӣ.

 

Дар бораи шахсият ва осори Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ андешаҳои мутазоде аз сўи соҳибназарон матраҳ гардидааст. Теъдоде ўро қофиласолори назми форсӣ[1] дар ибтидои қарни бисти милодӣ номидаанд. Бинобар навиштаи адабиётшиноси шаҳир устод Носирҷон Маъсумӣ, Туғрал шахсе олуфтарафтор (яъне зебошамоил ва тамиз), некўкирдору мулоҳизакор ва тезҳушу шўхтабъ, зиндадилу шаккок, нотарсу фарохдаст, назарбаланду донишманди худписанде будааст.[2] Устод Айнӣ аз дурахшиши истеъдоди ў тамҷид ба амал меоварад, аммо ў Туғралро «муқаллиди бебарор» қаламдод кардааст[3], ки аслан аз рўйи инсоф нест ва мо рўи ин ишораи устод баъдан баҳс хоҳем кард.

Пўшида нест, ки иддае аз суханварони олам зиндагии бисёр печида ва пур аз шебу фароз паси сар кардаанд. Агар аз як сў дурахшиши чароғи истеъдод барояшон душман сохта бошад, аз сўи дигар назарбаланд, шаккок ва нотарс будан ононро дучори бадбахтӣ ва ҳатто қатлу куштор намудааст, ки шоири шаҳид Туғрали Аҳрорӣ аз ҳамин зумра аст. Вай дар айни шукуфоии умр, дар синни 55-солагӣ ба таърихи 29 июни 1919 ва он ҳам дар охирин рўзи моҳи шарифи рамазон[4] аз сўи сарбозони болшевик дар зодгоҳаш ноҳияи Фалғари Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асари як тўҳмати бепоя ва бидуни кўчактарин баррасӣ ба қатл расонда шуд. Таҳаммули ин алам барои ҷомеаи фарҳангии Мовароуннаҳр осон набуд, аммо режими шўравии собиқ танҳо пас аз гузашти 40 сол сарпўш аз рўи ин ҷиноят бардошт ва иҷозаи баррасӣ ва нашри осори Туғралро содир кард. Ин ҷо аз хидмати барҷаста ва таърихии арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон, устод Носирҷон Маъсумӣ бояд таҳсин намуд, ки маҳз бо талоши ў дар соли 1963 барои бори нахуст дар даврони шўравӣ намунае аз осори Туғрал ва чанд ёддошти ҷолиб аз рўзу рўзгори ў дар шакли китоби ҷудогона дар 320 сафҳа ва бо шуморагони 25 ҳазор ҷилд дар шаҳри Душанбе ба нашр расид ва дар зудтарин фурсат ба фурўш рафт. Ду маҷмўаи дигар аз шоир бо номҳои «Гиёҳи меҳр» (1986) ва «Корвони муҳаббат» (1990 ба алифбои форсӣ ва бо кўшиши Асрори Раҳмон) нашр гардид, аммо нахустин девони форсии шоир дар соли 1916 дар Бухоро ба зевари чоп ороста гардид, ки нусхаҳое аз он дар китобхонаҳо ва пажўҳишгоҳҳои Тоҷикистон ва Ўзбакистон нигоҳ дошта мешавад.

Осори Туғрали Аҳрорӣ аз нахустин айёми по ниҳодан ба арсаи шеъру адаб, бавижа дар рўзҳои таҳсил дар мадрасаи Самарқанд ва ҳузури ў дар маҳофили адабӣ таваҷҷўҳи соҳибназаронро ҷалб кард. Аммо дар теъдоде аз манобеи илмӣ ва тазкираҳо, ки дар охири қарни 19 ва ибтидои қарни 20-и милодӣ таълиф ёфтаанд, аз зиндагӣ ва бурду бохтҳои ашъори ў нукоти қобили таваҷҷўҳ ба мушоҳида мерасад ва рўи ин мавзўъ донишманди муосири тоҷик Асрори Раҳмон дар муқаддимаи муфассале, ки ба маҷмўаи ашъори Туғрал (Душанбе, 1990) навиштааст, ишороти ҷолибе матраҳ кардааст. Тибқи иттилои ў, бори аввал аз миёни тазкиранависони қарни нуздаҳ Мирсиддиқи Ҳашмат дар «Тазкиратушшуаро» роҷеъ ба аслу насаб ва тахаллуси адабӣ, таҳсили улум дар Бухоро ва хасоиси шахсӣ ва қудрати шоирии Туғрал маълумоти муфассал ироа намуда, ғазале аз ў дар ин тазкира низ овардааст. Дигаре аз фузалои Бухоро Абдуллоҳхоҷаи Абдӣ дар «Тазкиратушшуро» (соли таълиф 1904 м.) Туғралро шоири соҳибмақом номида, аз ў дар ҳадди олӣ ситоиш ба амал овардааст. Ҳамин тавр, дар тазкираҳо ва сарчашмаҳои хаттии қарнҳои зикршуда амсоли «Тазкиратушшуаро»-и Неъматуллоҳи Мўҳтарам, «Тўҳфатулаҳбоб фӣ тазкиратиласҳоб»-и Раҳматуллоҳи Возеҳ ва... ин шоири ориф ва ҳунари шоирии ў васф гардидааст.

Дар замони шўравӣ бори аввал устод Айнӣ дар тазкираи «Намунаи адабиёти тоҷик», ба қавли Носирҷон Маъсумӣ роҷеъ ба Туғрал маълумоти мухтасар, вале «равшан ва ҳаққонӣ» медиҳад. Устод Айнӣ навиштааст: Нақибхони Туғрал дар кўҳистони Фалғар таваллуд ёфта, дар Самарқанду Бухоро таҳсили камол намудааст. Дар охирҳои ҳол обу ҳавои тозаи кўҳистонро аз зиндагии шаъшаъадори пур аз ташвиши шаҳрҳо тарҷеҳ карда, дар он ҷо пешаи кишоварзӣ гузида буд.[5]

Устод Айнӣ дар ин мақола роҷеъ ба қатли Туғрал низ ишораи кўтоҳе дорад: «Дар соли 1919 ба хидмати ҳукумати шўроӣ даромада, ба ватани худ Фалғар кор мекард. Дар вақти ҳамлаи босмачиён ба Фалғар ҳамроҳи аскарони сурх баръакси ҳуҷум иштирок намуда буд ва дар он сафар бо сабабе кушта шуд».[6]

Ҳамин тавр, аз соли 1926 то 1964 дар адабиётшиносии тоҷик роҷеъ ба зиндагӣ ва осори ин достонсарои риёзи Самарқанд ва тўтии шакархои нахлистони наҷобатпайванд[7] сукути ноҷо ва ғайри-мунсифонае пеш омад. Қатли шоирро «иштибоҳе» хонданд ё чун устод Айнӣ «бо сабабе кушта шуд» гуфтанду бас. Ногуфта намонад, ки мавзўи ба хидмати шўроҳо рўй овардани Туғрал ва дар набард бо сарбозони шўравӣ ва ё муҷоҳидони Масчоҳ ҳамкорӣ кардани ў то ҳанўз ба тариқи бояду шояд равшан нагардидааст. Инқилоби коммунистӣ дар соли 1917 пас аз чанд моҳи пирўзӣ дар Русия, дар Тошканду Самарқанд низ ба пирўзӣ расид ва теъдоди зиёде аз шоирони узбак ва тоҷик бо ҷонибдорӣ аз ин рўйдод табли шодӣ заданд ва ашъори мамдўҳона суруданд, вале аз Туғрали Аҳрорӣ то имрўз як мисраъ шеър ё мақолаву ишорае дар мадҳу ситоиши инқилоб дар даст нест, ба ҷуз ин рубоӣ, ки рабте ба он таҳаввулотро надорад:

 

Айёми рабеъу иди Наврўз омад,

Наврўз шуду ба халқ нав рўз омад.

Тифлони дабистон ҳама гаштанд озод,

Озодии Наврўз зи нав рўз омад.

 

Аммо аз он ки шоир бидуни кўчактарин муҳокима ва баррасӣ ба дасти асокири аҷнабӣ ва тўҳмати хасмонаи чанд ҷосус ва ҷоҳили маҳаллӣ ҷоми шаҳодат ба сар кашид, ин доғи нангин аз сафҳаи таърих ҳаргиз зудуда нахоҳад шуд.

Зиндагиномаи Туғрали Аҳрорӣ ва таҳқиқу баррасии осораш дар солҳои 60 ва 70-и қарни бист ва дар рўзҳои мо низ аз сўи донишпажўҳон мавриди баҳси вижа қарор гирифт. Бинобар навиштаи муҳаққиқин ва далоили мўътабар, ки дар даст дорем, Нақибхони Туғрал 26 марти соли 1865 дар хонаводаи як тан аз давлатмандони ноҳияи Фалғар (рустои Зосун) ба дунё омад. Ў аз табори орифи машҳури Осиёи Миёна Хоҷа Аҳрори Валӣ (895 қ.) буда,[8] худ низ дар ин бора гуфтааст:

 

Мерасад аслам ба Аҳрори Валӣ,

Дудаи ман бошад аз ин дудмон.

 

Туғрал донишҳои ибтидоиро дар хонавода ва мадрасаи зодгоҳаш таҳти сарпарастии падару бародаронаш фаро гирифта, аз он ба баъд ба ду шаҳри бузурги Осиёи Миёна – Бухоро ва Самарқанд ҷиҳати идомаи таҳсил мусофират кард ва дар макотиби олии ин шаҳрҳо донишҳои замон, амсоли ҳисоб, ҳандаса, тиб, фиқҳ, абҷад ва таърихро фаро гирифт. Чунонки ҳамзамонони шоир ва худи ў дар яке аз ғазалҳояш ишора кардааст, вай бо шоири номовари он рўзгор Шамсиддини Шоҳин (1859-1894 м.) алоқаи вижае доштааст ва фанни шеърро низ аз мактаби ў омўхтааст.[9]

Осори адабии Туғрали Аҳрорӣ сафҳаи тобноке дар таърихи адабиёти форсӣ маҳсуб мешавад. Девони ў, ки дар соли 1916 м. дар чопхонаи шаҳри Когон (аз шаҳрҳои атрофи Бухоро) ба нашр расид, шомили 302 ғазал, 3 мусаддас, 1 мустазод, 9 мухаммас, 1 тарҷеъбанд, 8 қасида, фироқнома, шеър барои волии вилояти Кеш, соқинома, тасдиқот, ду қитъаи таърих ва... мебошад, яъне дар маҷмўъ ин девон 7335 мисраъро дар бар дорад. Афзун бар он, дар қолаби маснавӣ, қасида, ғазал, мусаммат, рубоӣ ва фард низ осоре аз ў боқӣ мондааст, ки маснавии «Лайлӣ ва Маҷнун» низ аз он ҷумла аст ва дар адабиёти тоҷику форсӣ охирин намунаи мактаби «Лайлӣ ва Маҷнун»-сароӣ маҳсуб мешавад.

Дар таълифоти Туғрал ғазал аз ҷойгоҳи вижае бархурдор аст. Ў дар ин ҷода чун аксари шоирони сабки ҳиндӣ пайрави Мирзо Абдулқодири Бедил буда, ба тазмини байт ё мисрае ба такрори вазн ва қолаби ашъори ў рўй меоварад ва дар ғазалҳояш мазомини иҷтимоӣ, суннатӣ, фалсафӣ, ахлоқӣ, ирфонӣ ва ишқиро дар сабки ҳиндӣ баён карда, саноеи гуногуни адабиро дар ҳадди матлуб истифода кардааст. Шоир ҷамоли бокамоли ғазалҳои саромадони шеъри форсӣ: Саъдии Шерозӣ, Ҳофиз ва Камол, Соиби Табрезӣ ва Бедили Деҳлавиро дар оинаи рангин ва босафои хаёли нозуктар аз барги гулаш парвариш медиҳад. Аз ин оина нуре дар қолаби шеъри ў медамад ва агар дарде, андўҳе ё доғе аз ишқу ҳиҷрон дар дил дорад, аз ин дард на бо тақлид аз дигарон, балки бо забону баёни туғралии хоси хеш менолад. Агар шеъри Туғрал бо тазмини байте аз ҷаноби ҳазрати Мирзои Бедил[10] оғоз ё анҷом ёбад ҳам, аммо аз назари мўҳтаво ва офариниши маънӣ ҳаргиз такрору тақлиди нокоме бар сурудаҳои пири бузургвораш нест ва Носирҷон Маъсумӣ дуруст зикр намудааст, ки таҳлили осори Туғрал аз маҳорати баланди ў дар шеъру шоирӣ хабар медиҳад.[11] Ин донишманди шаҳир осори тақлид ва истиқлоли шоирии Туғралро мавриди таҳқиқ қарор дода, ҷиҳати равшантар гардидани фармудаи хеш ду ғазал аз ҳар ду шоирро дар тарозуи қиёс месанҷад. Ба таври мисол:

Ғазали Бедил:

Кош як нам гардиши чашми таре медоштам,

То дар ин майхона ман ҳам соғаре медоштам.

Эътиборам қатраворе сурати тамкин наяст,

Баҳр мегаштам, гар оби гавҳаре медоштам.

Дил дар ин вайрона оғўши умеде во накард

В-арна бо ин фақр ман ҳам кишваре медоштам.

Шўхии наззораам дар ҳасрати дидор сўхт,

Кош як оинаҳасрат ҷавҳаре медоштам.

Вусъатам чун ғунча дар зиндони дилтангӣ фусурд,

Гар зи болин мегузаштам, бистаре медоштам.

Сурати анҷоми кор оинадори кас мабод,

Ку димоғи тоза, то карру фарре медоштам.

Улфати ҷоҳам нашуд сармояи дунҳимматӣ,

Ҷои Қорун мегирифтам, гар заре медоштам.

Чун нафас ишқам ба барқи бенишонӣ пок сўхт,

Субҳ будам, гар ҳама хокистаре медоштам...

Ғазали Туғрал:

Кош дар базми адаб ман дилбаре медоштам,

Пеши худ монанди мино соғаре медоштам.

Роятам аз ишқи ў месуд сар андар фалак,

Гар зи нақши хоки пояш афсаре медоштам.

Сози қонуни муҳаббат пардаи ишқам дарид,

Кош менашнудаму гўши каре медоштам.

Мешудам ман сарбаланди саҷдаи нози адаб,

Чун суроҳӣ хутбаи беминбаре медоштам.

Ҷуз гули матлаб намечидам зи гулзори умед,

Дар баҳори ин амал чашми таре медоштам.

Сўхтам парвонасон дар оташи доғи ғамаш,

Мепаридам сўи ў, болу паре медоштам.

Ҳамдами базми висолам ҷуз ғами Лайлӣ набуд,

Ҳамчу Маҷнун гар зи хоро бистаре медоштам.

Нусхаҳои ишқи ў азбаски бе шероза буд,

Менавиштам шарҳи ғамро, мистаре медоштам.

Назди ин бедонишон фарқи хазаф аз дур набуд

В-арна дар баҳри сухан ман гавҳаре медоштам.

Ҳаббазо аз мисраи Бедил, ки Туғрал гуфтааст:

«Хок мекардам ба роҳат, гар саре медоштам».

  Устод Маъсумӣ чаҳор вижагии ғазалҳои Туғрал ва пайравии ў ба Бедилро ҳамаҷониба шарҳ дода, комилан дуруст зикр кардааст, ки Туғрал аз шогирдони баркамоли мактаби адабии Бедил аст ва аз камоли ихлосмандӣ ва эътиқоди баланд табъи худро дар асорати тақлиди Бедил андохта, дар аксар маворид инони ихтиёр ба таъсири ин равияи услубӣ супурдааст.[12] Дигаре аз муҳаққиқони шеъри Туғрал олими жарфандеш Асрори Раҳмон бар ин ақида аст, ки ғазалиёти хориҷ аз таъсири Бедил сурудаи ў зиёданд ва қобили таваҷҷўҳ мебошанд ва Туғрал сурудан ё эҷоди шеър, бавижа ғазалро бидуни таъсир ва тақлиди Бедил оғоз намуда, ба ҷодаи мустақил ва мустақими ҳунар гом ниҳодааст.[13] Ў дар ин замина аз академик Абдулғанӣ Мирзоев низ далели раднопазир зикр намудааст. Пас аз баррасии ин баҳс метавон чунин натиҷа гирифт: баҳое, ки устод Айнӣ ба осори Туғрал додаанд, он ҳам дар соли 1925 ё 26, то ҳадде шитобзада ва ғайримунсифона аст. Устод дар «Намунаи адабиёти тоҷик» навиштааст: «Туғрал мисли дигаре аз муқаллидони Бедил, дар ин пайравӣ ҳеч муваффақ нашудааст».[14]

Носирҷон Маъсумӣ дар баррасӣ ва муқоисаи шеъри Бедил бо ашъори Туғрал ва Айнӣ таваҷҷўҳи хонандаро ба абёти зер ҷалб мекунад:

Аз Бедил:

Бода надорам, ки ба соғар кунам,

Гиря кунам, то мижае тар кунам.

Аз Туғрал:

Нола ҳамон беҳ, ки зи дил сар кунам,

Гўши фалакро зи фиғон кар кунам.

Аз Айнӣ:

Шаб, ки ба ҳаҷри ту фиғон сар кунам,

Сомиеаи аҳли ҷаҳон кар кунам.

Аз мутолиаи ин абёт метавон чунин натиҷа гирифт, ки дар пайравӣ аз Бедил Айнӣ ва Туғрал ҳар кадом сабку салиқаи хоси худро доранд ва мо дар таҳқиқу қиёс ва арзёбии мавзўи дар боло зикршуда танҳо бо нуктае аз ҳакими Шероз Саъдӣ алайҳирраҳма иктифо меварзем, ки фармуда: Мушк он аст, ки бибўяд, на ин ки аттор бигўяд. Аммо як нуктаро мебояд ёдовар шуд, ки теъдоде аз шеършиносони тоҷик ва хориҷ аз он, чун сухан аз Туғрали Аҳрорӣ ва осори ў равад, ҳатман эродеро, ки устод Айнӣ як замоне ба сабки шеъри ў гирифтааст, «далел» меоваранд ва дониставу надониста ин сухангустари бузургро муттаҳам ба «тақлиди бебарор» аз Бедил месозанд, яъне ҳар чӣ устод гуфта гузаштаанд, гўё ҳукми қонунро дорад ва ин ҳам дар ҳоле, ки аллома Айнӣ дар оғози роҳи эҷодии худ ишораи кўтоҳе ба ин мавзўъ кард. Аммо дар рисолаи муфассали ў роҷеъ ба Мирзо Бедили Деҳлавӣ ва дигаре аз таълифоти илмии хеш устод ба муқоисаи шеъри Туғрал ва Бедил ва тақлиди бебарори Туғрал ва муосиронаш аз мактаби сабки ҳиндӣ нукоти жарф ва муфассал матраҳ нагардидааст. Гузашта аз ин, дар охири чанд ғазал аз Бедил ном бурдан ва иқтибос овардан ва дар татаббўи вай арзи матлаб намудани Туғралро падидаи тақлидкории маҳз пиндоштан низ амре ғалат мебуд.[15]

Дар миёни суханварони Мовароуннаҳр теъдоде ба осори Бедил бо ихлосу ҷунуни вижа ишқ меварзиданд ва падид омадани ошиқи фарзонае чун Туғрали Аҳрорӣ дар ин хиттаи шоирхез амре табиӣ буда, худ баёнгари ишқу ихлоси садҳо тан аз шефтагони осори султони авранги сухан, яъне ҳазрати Бедил мебошад, ки имрўз низ сеҳри каломаш ҳазорон тан аз аҳли завқро чи дар Ҳинд, чи дар Эрону Афғонистон ва Осиёи Миёнаву Покистон ба доми ҳайрат кашидааст. Афзун бар он Туғрали Аҳрорӣ на танҳо аз ҳазрати баҳри сухан, яъне Бедили Деҳлавӣ бо ихлоси вижа арзи иродат мекунад, балки дар қасидае ба номи «Қасидаи бузургон» зимни ишора ба мутолиоти худ дар шеъру адаби форсӣ ба ситоиш, нақд ва баррасии осори шумори зиёде аз шуарои гузашта ва муосир мепардозад, ки ин қасида дар асли хеш беназир аст. Вай дар қасидасароӣ суннати суханварони қадим, чун Анварӣ, Хоқонӣ ва Хоҷуро дунбол мекард.[16]

Ногуфта намонад, ки танзу ҳаҷв дар осори Туғрал (чун дар хўю хислати ў) ҷойгоҳи хосе дорад ва танзи ў ҳовии мавзўоти иҷтимоӣ буда, дар қолаби ғазалу рубоӣ суруда шудааст. Пас аз нашри маҷмўаи ашъори Туғрал дар солҳои 60 ва 70-и қарни гузашта, шўҳрати шоир дар миёни аҳли фазл дучандон боло рафт ва даҳҳо ғазал аз ў дар мусиқии суннатии тоҷик ворид шуд ва дастмояи овозхонони номии Осиёи Миёна қарор гирифт. Лозим ба зикр аст, ки ашъори Туғрал бо истифода аз нусхаҳои мавҷуди форсӣ ва кириллии китобхонаи Фирдавсӣ чоп шуд. Костиҳое агар дар он ба назар мерасад, умедворем донишмандону соҳибназарон ва хонандагони арҷманд бо пешниҳодҳои хеш моро огоҳ созанд, то дар чопҳои баъдӣ ин камбудҳо рафъ гардад. Чанде аз асотиди гиромӣ, аз ҷумла донишманди гаронқадр устод Мирзо Муллоаҳмад дар таҳияи «Шакаристони Туғрал» ва тасҳеҳи он кумакҳо ва машваратҳои судманде ироа карданд, ки аз эшон сипосгузорем ва рўҳи пурфутўҳи Туғрали шаҳид аз донишманди фарҳехта, сафири кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, доктор Алиасғари Шеърдўст, ки дар нашри ин китоб муҳаббат ва бузургворӣ аз худ нишон доданд, низ шод хоҳад буд. Ба фармудаи шоир:

 

Туғрал, аз назмам саропо бин, ки мерезад шакар,

Баски бинмудам зи сар то пой таҳрири туро.

 

Мақбараи мутаҳҳари шоири шаҳид, ки акси он дар ин баёз омадааст, дар зодгоҳаш пайваста зиёртгоҳи аҳли назар мебошад.