.

Font Size

SCREEN

Profile

Layout

Menu Style

             БАЛАНД АФТОДА АЗ НОЭЪТИБОРӢ  ЭЪТИБОРАШ                                                                                                                              

Дӯстон баҳриХудо, гӯед арзи ҳоли ман,

Ҳаркуҷобинедагароншӯхимайнӯши маро.

                                                          Туғрал

Саидбурҳон Икромов

набераи Туғрал     

      Бахшида ба 150 - солагии шоири шаҳири тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, ки бо дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар саросари Ватани маҳбубамон  ҷашн гирифта мешавад, имрӯзҳо дар матбуоти даврӣ як қатор мақолаву хотираҳо ва шеъру таронаҳо аз рӯзгору осори шоир ба тавсиб расида истодаанд. Ин боиси шодмонӣ аст,ки мардум бори дигар  ба осори пурбаҳои шоир рӯ меоранду  меҳру муҳаббаташонро нисбати ӯ  баён месозанд. Вале мутаассифона, дар бархе аз навиштаҳои дӯстон оид ба баъзе паҳлӯҳои рӯзгору осори шоир иштибоҳҳо мавҷуданд, ки ман чун яке аз пайвандони хонадони Туғрал ба ин бетараф буда наметавонам ва вазифадорам чанде аз онҳоро шарҳ  диҳам.

Муфассал...

ТУҒРАЛ ШОИРЕСТ ОЗОДАВУ ДИЛДОДА

 

Қурбон Восеъ

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Душанбе, Тоҷикистон

Рухшона Восиева

Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода

       150 сол қабл дар айёми иди Наврўз, ки дашту даман пур аз гулу раёҳин мегардид, резаборони баҳорӣ  болои сабзаву гиёҳҳои навруста нарм-нарм меборид. Тамоми талу теппаҳои ду тарафи соҳили Зарафшон сабз шуда, ба ҳусни дилфиреби водии Фалғар замин зебоии тару тозаи накҳатбарро зам мекард.

                                        Муфассал...

ЧАРОҒОНИ МАҲФИЛИ ЁДОВАРӢ....

Хуршеда Отахонова

Кароматулло Олимов

 Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Чун сухан дар ин маҷмўа дар бораи шоири ширинкалом Туғрали Аҳрорӣ меравад,  ки сарнавишти фоҷиабор ва ашъори  ў  намунае аз ҳаёти  аҳли адаби нимаи дуюми асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ аст, таҳқиқи васеъ ва воқеъбинонаи аҳволу осори адибони ин давраро  дар  оинаи замони пурмоҷарои сиёсии зиндагиашон  тақозо менамояд. Бисёр шоироне дар ин давра зистаанд, ки осорашон ҳанўз дастрас нашудааст ва мавқеашон низ муайян нагардида, ба гўшаи фаромўшӣ мондаанд.                                                                                 

Муфассал...

НАҚИБХОНИ ТУҒРАЛ ВА ФАРОЗУ НИШЕБИ РОҲИ ЭҶОДИИ Ў

Мирзо Муллоаҳмад

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

     Сабки ҳиндӣ, ки дар заминаи адабиёту фалсафа ва фарҳанги эрониву ҳиндӣ падид омадааст,дар таърихи адабиёти Шарқ ва олам ҷойгоҳи хосе дорад. Ҳарчанд дар бораи ин сабк осори зиёди таҳқиқотӣ таълиф ва нашр шудаанд, вале ҳанўз дар мавриди пайдоишу ташаккул, омилҳои рушду рукуди он, арзишу нуқсонҳои он баҳсҳо идома дошта, намояндагони  зиёди он шинохта нашудаанд. Яке аз чунин симоҳои камшинохта шоири маъруфи қарни Х1Х ва ибтидои қарни ХХ Нақибхони Туғрал мебошад. 

Муфассал...

МУХТАСАР ДАР БОРАИ ТАСВИРИ МАНЗАРАҲОИ КАЙҲОНӢ ДАР АШЪОРИ КЛАССИКОНИ ФОРСУ ТОҶИК

Хаёл Бобоев

Донишгоҳи  технологии Тоҷикистон

   Мутолиа ва омӯхтани асарҳои классикони адабиёти форсу тоҷик, эҷодиёти ҷовидонии Абӯабдуллоҳ Рӯдакй, Абулкосими Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Саъдии Шерозӣ,Ҷалолидцини Румй, Ҳофизи Шерозй, Умари Хайём,Насриддини Тўсӣ, Камоли Хуҷандй, Носири Хисрав, Сайидои Насафӣ, Абдураҳмони Ҷомй, Абдулкодири Бедил, Бадриддини Ҳилолй, Аҳмади Дониш, Шамсиддин Шоҳин, Туғрали Аҳрорӣ ва даҳҳо дигар устодони назму наср, ки дар ганҷинаи адабиёти ҷаҳон ҳиссаи намоён гузошта, маъруфу машҳури халқҳои ҷаҳон гардиданд, гувоҳи онанд, ки онҳо аз илмҳои замони худ, аз ҷумла ситорашиносӣ низ огаҳӣ доштанд ва ҳатто онро ба таври кофӣ аз худ намудаанд.

Муфассал...

ШАММАЕ   АЗ РӮЗГОРИ ТУҒРАЛИ АҲРОРӢ

Ҷумъабой Азизқулов

Институти забон, адабиёт , шарқшиносӣ ва мероси хаттии

ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ,  Душанбе,  Тоҷикистон

      Баҳори соли 1943, дар айни долу зарби Ҷанги ҷаҳонӣ , усто Боймурод  ном касе аз деҳаи Мадми Заҳматобод ба Панҷрӯди мо афтода, дар меҳмонхонаи ҳавлии беруни падарам ориятнишин гардид. Ҳамин устои кафшу масҳӣ ва мӯзадӯз, илова ба чирадаст будан, дар пешаи худ, марди хушсаводи некмаҳзар ва адабиётдӯст ҳам буд. 

Муфассал...

ТУҒРАЛ ВА ФАРҲАНГИ САРУ ЛИБОСИ  ВОДИИ ЗАРАФШОН ДАР ОХИРИ АСРИ XIX – ибтидои асри ХХ

Муродалӣ  Иброҳимов,

Мастона  Қобилова,

Шаҳноза Юсуфова

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Душанбе, Тоҷикистон

 

   Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ дар навоҳие ба дунё омада ба сатҳи камолот расид, ки онро русҳо аз соли 1870 аз таркиби аморати Бухоро берун карда, аввал ба ҳавзаи Зарафшон ва аз соли 1887 ба ҳайати вилояти Самарқанди давлати худ шомил намуданд. Аз ин рӯ, шоири маъруфи тоҷик аз синни 6-солагӣ дар қатори дигар аҳолии болооби Зарафшон, Самарқанд, Ургут ва Катта-Қурғон шаҳрванди Россияи подшоҳӣ гардида буд.   

Муфассал...

АНДАР ШАКАРГУФТОРИИ НАҚИБХОН ТУҒРАЛ

Мирзо Шукурзода

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Душанбе, Тоҷикистон

   Ошиқони каломи мавзун бо дарназардошти мазмуну мўҳтаво ва фасоҳату зебоии шигифтангезе, ки дар ашъори малакутии Ҳофизи бузургвор эҳсос кардаанд, аз эшон бо номҳои ҳазордастон, вассофи олиназари гулу булбул ва ситоишгари беҳамтои маю маъшуқа зикри хайр ба амал овардаанд. 

Муфассал...

БАЪЗЕ ВИЖАГИҲОИ САБКИ ҲИНДӢ ДАР АШЪОРИ ТУҒРАЛ

Нурмуҳаммад Одинаев

Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии

ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Тоҷикистон, Душанбе

     Сабки ҳиндӣ ва замони густариши он дар шеър як давраи ташаккули адабиёти тоҷикии форсиро дар ҳавзаи адабии Мовароуннаҳр, Хуросон  ва доираи адабии фросизабонони ҳиндро  дар бар мегирад. Аз охири асрҳои  XVI ва ибтидои асри XVII ин сабк дар ҳавзаи  адабии форсии ҳинд фаъол гардида,  минбаъд дар Мовароуннаҳр ва қисман дар Хуросон то ибтидои асри  XX шеъри тоҷикии форсиро дар зери таъсири худ нигоҳ дошта,  боиси ба вуҷуд омадани як ҷараёни ҷадиди адабӣ дар ҳавзаи  адабиёти форсии тоҷикӣ гардид. 

Муфассал...

АНДАКЕ АЗ РЎЗГОРИ НАҚИБХОН ТУҒРАЛ

Сабур Носиров

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Душанбе, Тоҷикистон

Аз камоли хештан дар авҷи маънӣ Туғралам,

Ин ҳама софӣ ба асли гавҳарам ҳамроҳ буд.

    Яке аз чеҳраҳои шинохтаи адабиёти охири қарни XIX ва ибтидои қарни XX-и тоҷик, шоири маъруф ва суханвари машҳур Муҳаммад Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ 26-уми марти соли 1865 дар деҳаи Зосуни музофоти Фалғар (ҳозира ноҳияи Айнӣ) дар оилаи Бобохон ном марди фозилу давлатманд ба дунё омадааст. 

Муфассал...

БЕДИЛ  - ТИМСОЛИ ИНСОНИ КОМИЛ ДАР ҶАҲОНИ ФИКРИИ ТУҒРАЛИ АҲРОРӢ

Нуралӣ Нурзод

Донишоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,

Хуҷанд, Тоҷикистон

    Таҷалии инсони комил дар адабиёти форсу тоҷик бо ҳузури тасаввуф арзи ҳастӣ намуда, бо рангу тобиши мухталиф аз оғоз то замони Нақибхон Туғрал, ки ба истилоҳ марҳилаи ҷамъбасти адабиёти давраи классикии форсу тоҷик арзёбӣ мешавад, таҷассум ёфтааст. Барои ба мартабаи инсони комил расидани инсони муқаррари бархе аз урафо ва шуаро дараҷаҳое  муайян намудаанду бархе сифати махсусеро таъйин кардаанд. 

Муфассал...

НОСИРҶОН МАЪСУМӢ ПОЯГУЗОРИ ТУҒРАЛШИНОСӢ

Холмаҳмад Холов

Донишгоҳи славянии Россияю Тоҷикистон, Душанбе, Тоҷикистон

   Боиси ифтихор ва арҷгузорист, ки имсол мардуми тоҷик бо ҳидоят ва ибтикори Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни 150-солагии яке аз шоирони бузургамон, олими маорифпарвар ва яке аз шахсиятҳои маъруфи фарҳангии охири асри XIXва ибтидои асри ХХ-ро ҷашн мегирад.

Муфассал...