.

Font Size

SCREEN

Profile

Layout

Menu Style

МУСТАЗОД

 

Эй акси рухат ҷонди ҳадойинаи дилро

чун мўъҷизи Исо!

Тўтӣ шуда ҳайрони суханҳои ту, ҷоно,

бо он лаби гўё!

То бо қади шамшод гузаштӣ сўи гулшан,

қумрӣба фиғон шуд,

Наргис пайи наззора шавад дида саропо

аз баҳри тамошо.

Аз шарми ҷамоли ту шуда Юсуфи мисрӣ

дар зовияи чоҳ,

Савдои ту доранд ба capВомиқу Узро,

танҳо на Зулайхо!

Пироҳани гул дар чаман аз шавқи ту чок аст

аз фурқати рўят,

Хун баста дили ғунча зи лаъли ту ҳамоно

чун бода ба мино!

Боди саҳар аз накҳати зулфат ба гулистон

овард насиме,

Савсан ба забон таъна зад оҳуи Хиторо,

з-он рафт ба саҳро.

Хизри хати ту дода ба райҳони адаб ноз

аз қоидаи бў,

Дар кишвари хубӣ набувад, лолаъузоро,

чун ту шаҳи воло!

То лашкари ҳусни ту ба тороҷзи ҳар сў

овард шабехун,

Чашм аз пайи ҷон бурдану рух аз паи яғмо

дар мулки дили мо!

Туғрал ба хаёли сари зулфи ту асир аст,

растан натавонад,

Занҷир бувад ҳар сари мўпои ҷунунро

з-он зулфи мутарро![1]