.

Font Size

SCREEN

Profile

Layout

Menu Style

МУХАММАС БАР

ҒАЗАЛИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ

 

Чанд теғи зулмро аз куштанам хунин кунӣ,

Дам барои қатлам оиву даме тамкин кунӣ,

Аз чӣ мурғи дил ба доми турраи мушкин кунӣ,

То кай, эй дилбар, дилам бе мўҷибе ғамгин кунӣ?

Гиряҳои талхи ман биниву лаб ширин кунӣ?!

 

Хок шуд ин қолаби афсурда дар роҳи талаб,

Коми ҷон ҳосил нашуд бо ман зи лутфат ҷуз ғазаб,

Гоҳ хурсандӣ зи ман, гоҳе биранҷӣбесабаб!

Гуфтаӣ: «Ҷонат ба коми дил расонам ё ба лаб?»

Он нахоҳӣ кард, донам ҳаргиз, аммо ин кунӣ!

 

Дар ҳарими ҳурмати васлат касе восил нашуд,

То чу булбул ишқи ўз-оҳу фиғон комил нашуд,

Оразаш чун каҳрабо то бо хазон шомил нашуд,

Аз гули рўи туам ранге ҷуз ин ҳосил нашуд,

К-аз сиришки арғувонӣчеҳраам рангин кунӣ.

 

Дам ба дам девонагӣ аз ишқат афзояд маро,

Нохуни тадбир ҳаргиз уқда накшояд маро!

Ҳотами дасти Сулаймон гар ба даст ояд маро,

Сар ба тоҷи салтанат дигар фурўн-ояд маро,

Гар ҳама умр илтифоте бо мани мискин кунӣ!

 

Ошиқонро зиндагӣ дур аз ту мебошад муҳол,

Аз сари кўят бурун рафтан маро набвад хаёл,

Дар ҷавоби Туғрал омад мужда ҳангоми суол.

Ҷаннатулфирдавс бинмоянд дар хобат, Камол,

Гар шабе хоки дари он моҳро болин кунӣ!