.

Font Size

SCREEN

Profile

Layout

Menu Style

МУХАММАС БАР ҒАЗАЛИ ҚУРБӢ

 

Кош бибинам чу гул ман ба чаман ёрро,

Арзи тамошо диҳад ҷилваи рафторро,

Маҳви таҳайюр кунад ўдару деворро,

Оҳ, аз он дам, ки ман қомати дилдорро

Ҷой диҳам чун нигаҳ дидаи хунборро!

 

Ҳамчу гули рўи ўнест гуле дар чаман,

Нест чу қаддаш дигар шамъи таҳайюрлаган,

Тарзи хиромаш бувад фитнаи ҳар марду зан,

Мусҳафи рухсори ўҳини тамошо ба ман

Ояти машъалнамост нуктаи асрорро.

 

То зада бар оразаш ҳалқа ду зулфи накў,

Дарси ғамаш хондаам шонасифат мўба мў,

Сўзани фикраш кунад чоки диламро руфў,

Бар сари ман хок беҳ, хоки кафи пои ў

Кўҳли[1]таманно бувад дидаи ағёрро!

 

Сарв набошад ба боғ чун қади ўяк қалам,

Хаста зи рухсори ўгул ҷигар аз хори ғам,

Ёфт зи оҳам магар парчами ишқаш алам,

Шаб ба фироқаш басе нола задам аз карам,

Ҳотами ашкам намуд симу зар эсорро!

 

Баски зулоли лабаш хубтар аз Кавсар аст,

Чун суханаш дар Адан дурру гуҳар камтар аст,

Хоки қудумаш аз он бар сари ман афсар аст,

Сабзаи гулранги ўаз чаман афзунтар аст,

Рўи гулаш кам занад равнақи гулзорро.

 

 

Нест ба Мисри ҷамол ҳеччу ў подшаҳ,

Маскани Юсуф аз он омада дар зери чаҳ,

Таъна занад рўи ўбар рухи хуршеду маҳ,

Пеши рухаш кам бувад моҳи шаби чордаҳ,

Раҳ ба даҳонаш барӣ, даҳ фиканӣ чорро!

 

Баски зи лаълаш шудам ғарқа ба хуни ҷигар,

Гиря кунам шамъсон ин ҳама шаб то саҳар,

Ўст уқобу манам Туғрали беболупар,

Менакунад бар дилаш нолаи Қурбӣ асар,

Гўши шунидан надошт нолаи беморро!