.

Font Size

SCREEN

Profile

Layout

Menu Style

НАВРЎЗНОМА

Ало, эй он, ки шуд иқбол ёвар,

Ба суккони дарат алтоф бовар!

Туӣ пушту паноҳи халқи олам,

Ба дилрешон туӣ пайваста марҳам.

Ба расми тўҳфа кардам нусхае чанд,

Ба номат аз камоли лутф бинанд.

Ба ҳад соле зи ҷумъа то душанбе(ҳ)

Қиёсе кун аз он солаш баду беҳ.

Агар шанбе ояд рўзи Наврўз,

Бувад он сол пурбарф, эй дилафрўз!

Бувад он сол хушку нарх арзон,

Агарчи камтар орад абр борон.

Бувад нуқсони дахлу мева камтар,

Шавад дар соли дигар ғалларо бар.

Валекин кўдаконро марг бошад,

Аз он нахли падар бебарг бошад.

Агар Наврўз дар якшанбе ояд,

Ба назми ин сухан фикре биёяд.

Зимистон тангу сармо саҳл бошад,

Ба сарҳо кай ситези ҷаҳл бошад?!

Шавад борони бисёре баҳорон,

Шавад тағйири пунба, ғалла арзон.

Валекин мевааш бисёр гардад,

Баҳори хуб, пур анбор гардад.

Агар душанбе ояд рўзи Наврўз,

Ба некиҳои ғалла чашмро дўз.

Зимистон хушку сармо сахт ояд,

Зимистон пўстин пуррахт бояд.

Шавад он сол дахли ғалла некў,

Вале султон ба лашкар оварад рў.

Шавад он сол нархи ғалла арзон,

Агарчи мешавад дар ғалла нуқсон.

Намедонад касе онро, ба ҳар ҳол,

Шавад ғалла гарон дар охири сол.

Агар Наврўз дар сешанбе ояд,

Яқин, он сол capто capбеҳ ояд.

Шавад он сол пурборону пурбарф,

Ба арзонии ғалла меравад ҳарф.

Халоиқ ҷумлагӣ осуда бошанд,

Ҳама кас дар фароғат буда бошанд.

Шавад мева қалилу ғалла бисёр,

Бувад беморию марг андак, эй ёр.

Агар шуд чоршанбе рўзи Наврўз,

Мапурс аҳволи сол, эй марди дилсўз.

Дар он сол, эй бародар, ғалла корӣ,

Шавад некў зи борони баҳорӣ.

Шавад ғалла талаф чунки дар он сол,

Миёна бошад исм он солро ҳол.

Набошад нархро охир қароре,

Ба мардум марг бошад бешуморе.

Агарчи мардумон гарданд беҷон,

Валекин бештар марги бузургон.

Агар Наврўз дар панҷшанбе ояд,

«Накў сол аст ин» гуфтан нашояд.

Зимистон сахт ояд, мева бисёр,

Валекин кори ғалла саҳл, эй ёр.

Дар он сол, эй бути фархундадидор,

Шавад нархаш гарону марг бисёр.

Агар дар ҷумъа ояд рўзи Наврўз,

Зи ҳайронӣ шунав, ин назм омўз!

Зи ғалла баҳрае гиранд мардум,

Зи ҳар ҷинс аз ҳама беҳтар зи гандум.

Шавад дар мардумон кам мева хўрдан,

Шавад бо кўдакон бас маргу мурдан.

Ду-се байт аз Нақибе ёдгор аст,

Чаро к-ин аҳли ҳикматро ба кор аст.

Рафиқо, аз карам ҳар гаҳ ки хонӣ,

Ба сомоне дуое мерасонӣ!