.

Font Size

SCREEN

Profile

Layout

Menu Style

1

Ғами ту, то нафас боқист, бо ман ҳар нафас бодо,

Ба ҷуз рўи гулат дигар ба чашмам хору хас бодо!

Хаёлам дар шаби зулфат равад ногаҳ ба айёрӣ,

Ба шаҳристони ҳуснат наргиси мастат асас[1]бодо!

Чу фарзин мўҳраи ишқи туро ҳар кас, ки каҷ бозад,

Агар шаҳрух бувад, сад фили ў зери фарас бодо!

Ба роҳи ишқ бандад сорбони шавқи ман маҳмил,

Қумоши нолаи дил ноқаи ўро ҷарас бодо!

Фалак рўзе мабодо созад аз банди ғам озодам,

Каманди ҳалқаи зулфи ту он дам додрас бодо!

Агар хуршед дар пешат занад лоф аз дами хубӣ,

Ба гўши мурғи анқо ҳамчу овози магас бодо!

Зи боғи назм Туғрал ҷуз гули мадҳи ту гул чинад,

Ҷазои ў ба сад хорӣ чу булбул дар қафас бодо!