.

Font Size

SCREEN

Profile

Layout

Menu Style

ҚАСИДА

Соқӣ, ба фасли рабеъ бодаи гулгун биёр!

Чанд тағофул кунӣ?! Мегузарад навбаҳор!

Аз чӣ нишинӣҳазин?! Ҳаст аҷал дар камин,

Боби муғон боз кун, вақт ғанимат шумор!

Нест туро аз қазо хатти амонӣба умр,

Гардиши гардуни дун ҳаст басе бемадор!

Соқии баҳри сахо, даври ту омад, ба мо

Лутфу тараҳҳум намо бо қадаҳи майгусор!

Ёсуману настаран руста ба саҳни чаман,

Карда ба саҳро ватан лолаи дил доғдор.

Боди сабо то вазид, ғунча дам аз ханда зад,

Булбул аз ин хандааш гиря кунад зор-зор!

Ғозагари субҳ зад шона ба зулфи суман,

Гесуи сунбул ба боғ гашта аз ўтор-тор.

Қумрию кабку тазарв, фохтаву андалеб,

Навҳа ба ойини худ карда capаз ҳар канор.

Даъвии гарданкашӣ кард ба гулзор сарв,

Қомати мино барор, то шавад ўшармсор!

Лола дуои қадаҳ хонд басе дар чаман,

Пардаи ўро бидар, ҷоми ҷаҳонбин барор!

З-абри иноёти Ҳақ ғайси[1]саодат чакид,

Қатра аз ўдар садаф гашт дури шоҳвор.

Шабнами авҷи тараб об зада саҳни боғ,

Дидаи наргис шуда маҳви раҳи интизор.

Муғбачаи боданўш, аз чӣ нишинӣхамўш?!

Мавсими гул даррасид, ваҳ, чӣ хуш аст сабзазор!

Духтари разро барор аз ҳарами хум ба базм,

То ки ба домони айш ақд кунем ошкор!

Гашта муҳайё тараб, соқии гулгунсалаб,

Соз қадаҳ лаб ба лаб, то барад аз дил ғубор!

Давлати Доро магў, асри Фаридун маҷў,

Юсуфи мисрӣмапў, гашта ҳама хоксор!

Маҷлиси Ҷамшед дон, базми Сикандар бихон!

Лола шуда ҷоми май, ойина рухсори ёр!

Даври маҳи оразаш силсилаи зулфи ў,

Карда ба ҳам иҷтимоъ меҳр ба лайлу наҳор.

Давраи мо ҳамчунон силсилаи кокулаш,

Лозими бутлон магар ҳечнадорад қарор?!

Мутриби барбатнавоз, барбати худ соз соз,

Соз зи capгир боз, нағма бурун кун зи тор!

Хезу ба ёрон бидеҳ бодаи сарҷўшро,

Навбати Туғрал расид, дурд ба ўдаргузор!