.

Font Size

SCREEN

Profile

Layout

Menu Style

ҚАСИДА ДАР МАДҲИ ГУЛШАНӢ

Эй лаъли ту ба нахли вафо ғунчаи адаб,

Илму камолу фазл туро содиқуннасаб,

Дар Машриқи камолу адаб субҳи содиқӣ,

Бошад ба мункари ту сазои Абўлаҳаб.

Бо рифъати каломи ту кас нест дастрас,

Дасти мухолифони ҷаҳон бод аз ўду таб[1].

Бадхоҳу душмани ту чу моҳӣба об бод,

Бодо тани ҳасуди ту дар нори ғам ҳатаб!

Бар рўи ту ҳар он ки кунад рўи худ гиреҳ,  

Қисмат ба рўи сахт бари ўбувад ҷазаб![2]

Он кас, ки пайрави ту набошад, маро бувад

Чун уммати расул ба мазмуни «ман рағаб».

Фикрам ба васфи зоти ту кўтоҳӣ оварид,

Кардам аз он Суроҳи камоли ту мунтахаб.

Худ гулшанӣ, ки меваи ту лафзи нозук аст,

З-он ёфтӣ ба халқи ҷаҳон Гулшанӣлақаб.

Мифтоҳи фазлу назм калиди забони туст,

Ин бахшишест аз карами Ҳақ, на аз касаб.

Назми каломи форс ба номи ту хатм шуд,

Монанди хатми фусҳати Саҳбон, ки дар араб.

Устод Рўдакӣсухан аз парда мекашид,

Аз ту сухан валек кашида ба бар салаб[3].

Фарқ аст байни назми туву шеъри Унсурӣ,

Гуфтори ўст ёбису гуфтори ту ратаб.

Назми туро Низомӣмуқаллид чаро шавад,

З-ин шева ҷони худ бирасонад агар ба лаб?!

Дар аҳди худ, ки маркази паргори донишӣ,

Дар иҷтимои ҳалқаи маҷлис тўӣ сабаб.

 

Дар ҳар куҷо, ки аҳли сухан хаймае заданд,

Моно, дар он мақом тўӣ маншаи тараб.

Ишколи ҷумлагӣҳама ҳал аз ту мешавад,

Хоҳе сухан зи асл бувад, хоҳ аз насаб.

Баъзе дар он миёна бувад афзалинтисоб,

Лутфи калом баъзе дигарро бувад ҳасаб.

З-ин ҷумла кори баъз бувад навҳаи сафар

В-он дигаре ба кори дигар гашта музтараб.

Эй он, ки мулки назм шуморо мусаххар аст,

Аз ҷумлакаймарост таманно яке талаб:

Дорам хаёли он, ки мисам кимиё шавад,

Ҷуз ин мурод ҳеч нахоҳам ба рўзу шаб!

Бо Туғрал он дуо, ки қарини иҷобат аст,

Созанд ҳадя, то шавадаш ёр лутфи Раб.