.

Font Size

SCREEN

Profile

Layout

Menu Style

ҚАСИДА ДАР МАДҲИ ПОДШОҲ ДАР ҶАВОБИ ҚАСИДАИ ҲАКИМ АВҲАДУДДИНИ АНВАРӢ

Дўш ошуфтаву нажанду ҳазин,

Ҷониби боғ рафтам аз раҳи кин.

То кунам рафъи кулфати пажмон

Аз тамошои лолаву насрин.

Мегузаштам, ки бар лаби ҷўйе

Саф зада як биҳишт ҳуриъин.

Гуфтамаш бо худ: Ин магар хоб аст,

Ки бидидам ба хоб хулди барин?

Ҷуръати рафтанам набуд, валек

Амр шуд, ки биё, ба ҳалқа нишин.

Беибо рафтаму нишастам ман,

Ҷой доданд бо мани мискин.

З-он миён аз яке ишорат шуд,

Кард таъзиму бўса дод замин.

Рафту овард соғару саҳбо,

Мутрибу чангу шоҳиди ширин.

Бикри зар дар никоҳи шодӣ шуд,

Ки зи мастӣ бад-ў диҳад кобин.

Нойӣ оғози нолаи най кард,

Ёфт базм аз дамаш басе тазмин.

Ман ба ҳайрат, ки ин чӣ базм бувад,

Ки надидам ба умри хеш чунин.

Посухам дод з-он миёна яке,

К-ин бувад аҳди давлати шаҳи дин.

Маснадорои кишвари олам,

Корфармои кешу миллату дин.

Он фалакчокаре, ки аз сатват

Дами теғаш зи хун бувад рангин.

Шаҳрёре, ки аз бузургии ў

Чарх молад ба остон-ш ҷабин.

Аллаҳулҳамду вассано, ки туӣ

Ҳомии миллату ҳимояти дин.

Аз вуҷуди ту дўстон шоданд

В-аз ниҳеби ту душманон ғамгин.

Сели тўфонӣ, гар биҷунбӣ зи ҷо,

Кўҳи Қофе намоӣ гар тамкин.

Қатраи обе аз дами теғат

Оташи фитнаро диҳад таскин.

Подшоҳон ҳама пиёда шаванд,

Роизи худ кунӣ ту аз фарзин.

Дарад аз ваҳм заҳраи хоқон,

Азми рафтан кунӣ ба ҷониби Чин.

То назояд замона амсолат,

Кадхудои сипеҳр шуд иннин[1].

Аз саҳоби адолатат имрўз,

Чун ҳубоб аст хонаи хоин.

Кист к-ў нест дар ҷаҳон набувад,

Баҳри таъзими ту сараш ба замин.

Ҳаст хасмат, агарчи Ҷамшед аст,

Мўҷиби лаъну лоиқи нафрин.

Натавонад муҳандиси кайвон.

Рифъати қадри ту кунад тахмин.

Дев фармонбари Сулаймон шуд,

Баски номи ту кард нақши нигин.

Душмани ту агарчи Баҳром аст,

Менамояд ба чашми ту чўбин.

Пешат ояд барои қатъи низоъ

Кабку бозу кабўтару лочин.

Гўсфанд аз адолатат ба писар

Духтари гургро кунад келин.

Хатти эҳзори ту барад оҳу,

Баҳри даъвӣ ба назди шери арин[2].

Аз тақозои ҳукми ту теҳу

Гашта меҳмон ба хонаи шоҳин.

Накунад ғайри андалеб фиғон,

Дар замони ту, эй шаҳаншаҳи дин.

Осмон гуфт мерасад сари шоҳ,

Гашт пинҳон ба сайф аз он парвин.

Қуллаи хасмро ба хок орӣ,

Гар бувад сад ҳазор ҳусни ҳасин[3].

Подшоҳо, зи хидматат дурам,

Шоҳбайти ту мекунам тазмин.

Чун сарам бар сипеҳр менарасад,

Ки маро мадҳи ту бувад ойин.

Бо дами теғи ту забони маро,

Хусраво, нисбате бувад ба яқин.

Ў ба сафват ҷаҳон кунад тасхир,

Ин ба қувват макон кунад рангин.

Ў ба ҷиддат сари адў буррад,

Ин бигўяд ҳадис аз такфин.

Бар сари душман ў агар тозад,

Бе таваққуф бигўяд ин омин!

Ў дили хасмро ҳадаф созад,

Ин бигўяд, ки рафт дар Сиҷҷин[4].

Ман намегўям, ин забони ман аст,

Теғи шоҳ асту лек теғи чунин.

Шаҳрёро, манам, ки мадҳи туро,

Бар ҳама халқ мекунам талқин.

Суханам ҳамчу гавҳару дурр аст,

Назди мардум кам аз хазаф лекин.

Нест кас, то шиносад ашъорам,

Поймуздаш бигўядам таҳсин.

Ман, ки дар баҳри назм ғаввосам,

Мекашам гуна-гуна дурри самин.

Гавҳари ман ба тоҷи шоҳ сазад,

Тоҷро аз гуҳар бувад тазйин.

Дар Самарқанду дар Бухор маро

Ҷуз Худованд нест ёри муъин.

Оҷиз аз рафтанам вагар накунам,

Хоки даргоҳи шоҳро болин.

Шарҳи аҳволи худ туро кардам

Аз карам кун вазифае таъйин,

То бихонанд дар ҳама олам

Сураи Каҳф, сураи Ёсин.

Бод асҳоби Каҳф ёр туро,

То бувад дар ҷаҳон шаҳру синин[5].

Дили хасми ту бод чун маҳи дай,

Хотиратро мизоҷи фарвардин!