.

Font Size

SCREEN

Profile

Layout

Menu Style

ДАР ҶАВОБИ ҚАСИДАИ

ҲАКИМ ҚООНИИ ШЕРОЗӢ

Соқӣ, қадаҳлабрезкунз-онмай, китуғёнпарварад,

Мастӣфазояд, ғамбарад, шодӣдиҳад, ҷонпарварад

Майхонародарбозкун, соғаркашӣоғозкун,

Дилробамайдамсозкун, садгунаалҳонпарварад!

Азбодаигулгунбамансаршордеҳдаранҷуман,

Тогўямазмастӣсухан, гуфториҲассонпарварад.

Дарзерисарвупоиҷў, ваҳ-ваҳ, чӣхушбошадсабў!

Кардаст бар дил ғам ғулў, май деҳ, ки фарҳон парварад!

Фасли баҳор ояд ҳаме, гул дар канор ояд ҳаме,

Савти ҳазор ояд ҳаме, з-он рў ки афғон парварад!

Гулшан зумуррадфом шуд, вақти майи гулфом шуд,

Майли ҳама дар ҷом шуд, гар соқӣ эҳсон парварад.

Иҳмол[1]орӣ то ба кай, умрест махмурам зи май,

Фарёд месозам чу най, к-аз най найистон парварад!

З-он май, ки рўҳафзо бувад, гунг ар хўрад, гўё шавад,

Як ҷуръа дар дарё шавад, сад дурри ғалтон парварад!

Дар дил чаконӣ, ҷон шавад, куфр ар хўрад,имон шавад,

Нўшад малак, ҳайрон шавад, авроди субҳон парварад!

Усфурро анқо кунад, ҷуҳҳолро доно кунад,

Амвотро эҳё кунад, Исосифат ҷон парварад!

З-ўмўр аждарҳо шавад, симурғро аз ҳам дарад,

Чун бар сари анқо давад, ҳукми Сулаймон парварад!

Гул бишкуфад аз накҳаташ, Кавсар хиҷил аз ҳайаташ,

Оби ҳаёт аз лаззаташ дар торикистон парварад.

Дар дил фазояд шўру шар, савдо барандозад зи cap,

Резад фурўҳамчун матар[2], гавҳар ба найсон парварад!

Як қатра афтад дар замин, гардад замин дурри самин,

Нўшад агар Рўҳуламин, ахбори Яздон парварад!

Дилро зиёву нур аз ў, танро саросар зўр аз ў,

Моно, ҷамоли ҳур аз ў, дар хулд ризвон[3]парварад.

Ғамро барандозад зи дил, з-ў оби ҳайвон мунфаъил,

Саққои Кавсар з-ўхиҷил, зеро ки эҳсон парварад!

Аксаш агар дар кўҳфитад, беҷодаву гавҳар дамад,

Ҳамчун Бадахшон то абад лаъли дурахшон парварад!

Дар кишвари мулки бадан ҷуз май набошад таҳматан[4]
Ҳар қатрааш дурри Адан, сад ранги алвон парварад!
Мискин хўрад, Ҳотам шавад, зиафсари[5]хотам шавад,
Ҳар дун чашад, Рустам шавад, мулки Сиистон парварад!

Гар баҳра гирад дев аз ў, маъдум гардад рев аз ў,

Ҳамчун масофи Гев аз ў дар ҷанги туркон парварад!

Андар хароботи муғон яксар ҳама, пиру ҷавон,

Аз ваҷд гўянд ҳар замон: «Май деҳ, ки деҳқон парварад!»

Мутриб, ба савти арғанун лаҳни ироқиро кунун

Аз пардаат овар бурун, маҷлис гулистон парварад!

Ҳай май бидеҳ, ҳай май бикаш, ҳай май бихур, ҳай бода чаш,

Нўш аз майи хуршедваш, обест, инсон парварад!

Ҷоми ҷаҳонбинаш лақаб, аз соқии гулрўталаб,

Ёре бувад ёқутлаб, чун ғунча хандон парварад!

Зулфи сиёҳаш сарнагун, море, ки бошад пурфусун,

Бар гардани худ зўфунун доме, ки печон парварад!

Сарву санавбар аз қадаш, хуршеди тобон аз хадаш,

Бишкаста байзоро ядаш, луълўзи дандон парварад.

Чашмаш ба ҳангоми нигаҳ з-абрўқузаҳ,тир аз мижаҳ,

Хуни ҳазорон бегунаҳ бар хок яксон парварад.

Норе бувад рухсори ў, море бувад зуннори ў,

Бе нори ў бемори ў бо худ чӣ дармон парварад?!

Бар орази ҳамчун шафақ, бингар, чӣ хуш бошад арақ,

Гулбарги рўяш ҳар варақдаъвӣ ба бурҳон парварад!

Гул мунфаъил аз рўи ў, шабнам хиҷил аз хўи ў

В-аз кокулу гесўи ў сунбул парешон парварад.

Хизри хаташ ҳодӣ маро, бар оби ҳайвон раҳнамо,

Искандар, аз зулмат баро, зеро ки нуқсон парварад!

Ҳиндуи холашро нигар, бар мусҳафи рўяш магар

Тарсои шўхи бехабар дар ҳифзи Қуръон парварад?!

Аз рух ниқоб андозад ў, маҳ дар ҳиҷоб андозад ў,

Ҳамчун шаҳоб андозад ў тире, ки пайкон парварад.

Ояд ба сўи бўстон баҳри тамошо ақҳавон,

Сад чашм орад, то ки он худро нигаҳбон парварад!

Аз лаълат, эй зебосанам, фармон бидеҳ, бўсе занам,

Холи сиёҳат барканам, ҳинду на имон парварад!

Бўсе агар надҳӣ маро, эй дилбари гулгунқабо,

Лабро кушоям бо ҳиҷо, ҳарфе, ки чандон парварад.

Лутфат ба Туғрал омкун, бўсебад-ў инъом кун,

Сархуш ва робо ҷом кун, то мадҳи султон парварад.