.

Font Size

SCREEN

Profile

Layout

Menu Style

Саҳифаи асосӣ

    Дар айёми таҳсили мадраса Нақибхон аз лаввоҳу наққоши моҳир ва муаррихи доно Абӯсаид Махдуми  Зарринқалам, аз Махдуми Гардан ва Домулло Бадахшӣ барин устодони донишманд илму маърифат омӯхта,  ба ҳалқаи зиёиёни онрӯзаи Самарқанд ворид мешавад ва дилгармона шеъру шоириро пеша мекунад. Ӯ дар ҷараёни шоирӣ аксари кулли навиштаҷоташро таҳти тахаллуси “Туғрал”  офарида, дар баъзе маврид “Нақиб” ва “Туғрали Аҳрорӣ” тахаллус кардааст. Нақибхон баъди Мадрасаи Тиллокорӣ  муддате дар Бухоро  ҳам омӯзиши илму дониши ҷории замонаро идома медиҳад ва аз уламову удабои маъруфи онрӯзаи бухороӣ дарси илму адаб меомӯзад. Пас, аз таҳсилу омӯзиши лозима ба зодгоҳи худ баргашта, бар хилофи хоҳиши падараш ба Истам бинти Аваз ном деҳқондухтари курудӣ хонадор шуда, ҳамроҳи вай нӯҳ сол умр ба сар мебарад. Аз ин никоҳ писаре ба дунё меояд, ки бадхоҳони Туғрал ӯро ба зудӣ нобуд ва модарашро тавассути заҳру дорувориҳо безурёт мекунанд. Дар хусуси таваллуд ва вафоти писараш Туғрал дар ҷое чунин ишора кардааст:     

 Борҳо дар дили ман буд таманнои писар,  

 Лутф созад ба мани хаста худованд агар.                                                                

Омад охир зи карам нахли муродам ба самар,                                                        

Монд ҳасрат ба дилу кард аз ин дор сафар.           

   Баъдҳо ба сабаби бефарзандӣ Нақибхон аз Истам ҷудо шуда, бо Муқаддара  Аслиддиновна  ном духтари сангистонӣ  ақди никоҳ бармебандад.   Бо вуҷуди рафтуои доимӣ ба аёдати дӯстони дуру наздик, мадагорӣ ба камбағалону ниёзмандон ва тангиву сахтиҳои рӯзгор, Туғрал ҳеҷ гоҳ ранҷу машаққати эҷоди бадеиро пушти сар накардааст ва далелҳо гувоҳи онанд, ки дар тӯли ҳаёти минбаъда лаҳзае аз омӯзишу андӯзиш барканор наистода, соҳаҳои мухталифи илму дониши замонро фаро гирифтааст ва муттасил аз паи такмили фаҳмиши илмӣ ва ҳунари шоирӣ пардохтааст.  Туғрал марди хоксору фақирпарваре буда, хирсу молу пул дар ӯ мушоҳида намешудааст:  

 Чунон  сомонӣ доман кардам,  кунҷи қаноатро,                                     

 Ки андар дил намебошад,  таманнои зару симам.

    Рафоқату ҳамсӯҳбат дар мадрасаҳои Самарқанду Бухоро бо муллобачаҳои нодору камбағал ва омаду рафти беохири мардуми фақиру бечора ба хонаи Туғрал дар Зоосун гувоҳи зиндаи хайрхоҳиву бечорапарвариву авомдӯстии шоир мебошанд. Ҳамчунин, дар миёни мардуми камбағали Фалғару Панқакент, Истаравшану Мастчоҳ ва Самарқанду Бухоро ёру дӯстони зиёде дошта, ҳам маҳфили як идда ҳунармандону зиёиён ва ҳамсӯҳбати як даста суханварону ҳофизони пешқадами давр будааст. Аз ҷумла, шоир дар маснавии «Дар хусуси табъи девон»-аш Аҳмади Васлӣ, Масеҳои Тамҳид, Аҳмади Равнақ, Исҳоқбеки Ваҳоҷ, Курбӣ, Ҳасратӣ, Гулханӣ, Лутфӣ, Муҳаммадқулии Тарҷумон, Ашрафи Туҷор ва дигаронро ном мебарад, ки нисбаташ ҳусни таваҷҷӯҳу эҳтиром доштаанд ва дар чопи девонаш мадад кардаанд.  Туғрал  дар байни солҳои 1918 – 1919 ҳамроҳи аскарони сурхи советӣ дар чандин задухӯрдҳои хунини алайҳи босмачиёну аксулинқилобиюни болооби Зарафшон бевосита иштирок намуда, борҳо штаби дастаҳои ихтиёриву аскаронро дар ҳавлии худ ҷой медиҳад ва ҳамроҳашон деҳоти Томин, Фатмев, Гузари Бод, Рарз ва Похутро аз чанги душманони синфӣ озод мекунад. Соли 1918 дар деҳаи Оббурдони Мастчоҳ  шӯриш ба вуҷуд меояд, Туғрал он ошӯбро хомӯшу балвогаронро таслим кунонида, дар насиҳати босмачиёни тахту ҷоҳпараст ва дар таҳсини инсони муборизи зидди “исобат” (мусибатзадагӣ, киноя аз дунёи кӯҳна) мегӯяд:      

 Не хубби муҳибби дилнишин мемонад,                                                                    

Не тири адӯи кинагин мемонад.                                                                            

Инсон ба муқобили исобат?! Аҳсан!!                                                                    

Дунё гузарон аст, ҳамин мемонад!   

     Туғрал  дар  рафти  яке  аз  чунин  муҳорибаҳо  барои озодии  деҳаи Вешаб аз тарафи душманону бадхоҳонаш ба тӯҳмати ноҳақи аксуламал гирифтор мешавад ва 28-уми  июни соли 1919 дар мавзеъи Лангари деҳаи Сангистони Ноҳияи Фалғар ба қатл расонида мешавад. Ин ҳукми худсаронаву ноодилонаро Щитинин ном сардори отряде, ки  дар  роҳи нобуд  шудани аскарони сурх аз чанги босмачиён худаш гунаҳкору сабабгори асосӣ будааст, бидуни иҷозати расмии давлатӣ бароварда, худаш онро ба иҷро мерасонад. Ногуфта  намонад, ки  баъдҳо қонуни адолатгустару ҳукумати ҳақиқатпарвари советӣ Щитининро барои чунин худсариву гунаҳкориҳояш одилона ба ҳабс маҳкум мекунанд ва ӯ дар маҳбас ҳалок мешавад.Хабари  нохуши  марги нобаҳангоми ҳунарвари шаҳир аҳли деҳаву диёр ва шогирдону ҳаводорони сершуморашро ба риққату сӯг оварда, шоироне чун Хилъат, Файёз, Ҷавдат, Ҷомеъ ва дигарон бо сӯзу алам дар вафоти ӯ қитъаву марсияҳо сурудаанд. Аз  ҷумла,  Файёзи Хуҷандӣ дар қитъае санаи қатли Туғралро ба ҳисоби ҷумал чунин марқум доштааст,  ки аз моддаи таърихи он (“Ҳайфи Туғрал”)  соли 1337  ҳиҷрӣ (1919 милодӣ) бармеояд:    

 Дуболо шуд зи саҳбои шаҳидон                                                                              

 Ба базми ҷовидонӣ кайфи Туғрал.                                                                        

 Хирад  фармуд  бо  Файёз: “Баргӯ!”                                                                     

  Ба  таърихи вафоташ: “ҳайфи Туғрал!”   

   Адиби  дигар,  Хилъат, ин  санаро ба  ҳисоби  ҳиҷриву  мелодӣ (1337/1919)   чунин  ба назм овардааст:  

   Ба соли қатли Туғрал, гуфт Хилъат,    

   Зи чап бинавис нуздаҳ, боз нуздаҳ.

  Агар хоҳӣ, ки орӣ соли ҳиҷрӣ,

  Беҳ аст  аз рост ҳафту сию сенздаҳ.      

    Аз  Нақибхони  Туғрал  осори  гуногунжанру  гуногунмавзӯъи  адабӣ мерос  мондааст.   Намунаҳои  осори  шоир  аввалин  маротиба  соли  1916 дар  матбаъи  Когони  Бухоро,  ба  саъю  эҳтимоми  дӯстону  шогирдону ҳаводоронаш,  зери  унвони  “Девони Туғрали Аҳрорӣ”   мунташир гардидаанд.  Девони  мазкур  маҷмӯъаи  мукамалтарини  эҷодиёти  Туғрал  буда,  паиҳам 303  ғазал (5634 мисраъ),  1 мустазод (32 мисраъ), 9 мухаммас (305 мисраъ), 3 мусаддас (132 мисраъ), 1 тарҷеъбанд (66 мисраъ), 8 қасида  (570 мисраъ),  “Фироқнома”  (112 мисраъ),  шеъре барои судурволии  вилояти  Кеш (10 мисраъ),  “Соқинома” (136 мисраъ),  “Тасдиқот”  (196 мисраъ), ду қитъаи таърих  (36 мисраъ),   яъне  ҷамъулҷамъ 7335  мисраъ аз осори манзуми суханварро фароҳам овардааст. Айни замон мактаби миёнаи №8 ноҳияи Айнӣ, ки дар деҳаи Зоосун вуҷуд дорад ба номи Нақибхон Туғрал гузошта шудааст. . Бо ташаббус ва роҳбарии яке аз фарзандони ба ору номуси миллат, Ҳалим Ёров оромгоҳ, осорхона ва нимпайкараи Нақибхон Туғрал дар деҳаи Зоосун сохта шудааст.

Ба махси лутф сӯи кулбаи ман мехиромидӣ,                            

Ба роҳат пардаҳои дида пойандоз мекардам.