.

Font Size

SCREEN

Profile

Layout

Menu Style

Саҳифаи асосӣ

       Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ      

      Нақибхон  Туғрал  шабеҳи  шохоби пурталотуме  ба  маҷрои умуми адабиёти охирҳои асри XIX  ва аввалҳои  асри  XX  дар пайваста,  ҳунари волои сухангустарӣ  ва  хислатҳои ҳамидаи инсониаш диққати аҳли илму  адаби замонаро ба зудӣ ҷониби худ кашидаанд. Нақибхон  26-уми марти соли 1865 аз оилаи давлатманди деҳаи Зоосуни  ҷамоати Варзи Манори кенти Фалғар (райони ҳозираи Айнӣ) ба дунё омадааст.  Гузаштагони Туғрал аслан самарқандӣ буда, чанд пушт пештар аслофи хонадон аз дасти ҷабру зулми ҳокимони яғмогар ба дод омада, ҷониби Фалғар фирор мекунанд, ки худи Туғрал аз ин хусус ишорае дорад:

Мерасад аслам ба Аҳрори Валӣ,    

Дудаи ман бошад аз ин дудмон.

   Овони  кӯдакиву наврасии Нақибхони Туғрал дар зодгоҳаш ва дар зери саробони бевоситаи падар ва баъдҳо бародаронаш Тӯрахон, Мансурхон, Ҳамзамон ва Акобирхон  гузашта, хату саводи ибтидоиро дар деҳа, аз устодони маҳаллӣ баровардааст.Аз ҷумла, яке аз устодони нахустинаш Абдуҷаббор ном марди фозилу шоирпешаи урметанӣ будааст. Мавриди зикр аст, ки болооби Зарафшон  дар тӯли қарнҳо барои адабиёти форсу тоҷик намояндагони зиёде додааст,  ки устод Рӯдакӣ, Абӯҳафиси Суғдӣ, Музтариби Панҷакентӣ, Мустатеъи Панҷакентӣ,  Маҳмуди Кӯҳӣ,  Бобури Ишқӣ, Мелии  Қиштӯдӣ,  Ҷумъабои Хумулӣ,  Аҳмади Аҳдӣ,  Юсуф  Вафо, Камолии Рашнагӣ, Маҳҷури Фалғарӣ,  Ҷамолии Рашнагӣ,  Мулло Фозил,  Мулло Филғорӣ, Масеҳои Тамҳид аз зумраи онон буда, ному осори даҳҳои дигарашонро тӯфони ҳаводис аз аъмоқи  таърих баршустааст. Ва агар аз қадимулаём  ноҳияҳои Мастчоҳу  Фалғару Панҷакент ва Самарқанду  Бухороро  табиатан рӯди кӯҳи Зарафшон муқимашон  гашта,  нисбаи самарқандиву бухороиро ҳам ба худ гирифтаанд.  Аз ин ҷост, ки Нақибхон ҳам дар овони ҷавонӣ ба нияти дарёфти камолоти бештари илмиву адабӣ таҳти саробони падари маърифатпарвараш ҷодаи Самарақанду Бухороро пеш гирифта, даставвал дар шаҳри бостони Самарқанд иқомат мегузинад ва дар ҳуҷраи аз мадрасаи Тиллокории Регистони Самарқанд ба қимати 11 ҳазор тангаи мирӣ харидаи падар,  аниқтарш, дар ҳуҷраи охирини самти шимолии мадраса мехонаду меомӯзад ва дар давоми таҳсил ба зодгоҳаш рафтуомад мекунад.     

Муфассал...

Наворҳои шоир


: http://www.workwebsite.ru/joomla/plugins/allvideos.html